Кормандони хадамоти тиббии 451-уми пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба бошандагони хона-интернати маъюбон ва пиронсолони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ёрии башардӯстона расониданд.

Хизматчиён бо сарроҳиби калисои пойгоҳи ҳарбии 201 барои ҳамаи бошандагони ин муасиса маводи гигиении шахсӣ, маҳсулоти ғизоӣ, консерва, афшураҳои табиӣ ва маҳсулоти қаннодӣ овардаанд.

Дар рафти боздид, ёвари фармондеҳи пойгоҳ якҷоя бо хизматчиёни динӣ Роман Чебоненко бо имондорони хонаи интернат суҳбат гузаронд.

Айни замон,  хонаи интернати пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Ёвон 130 нафар бошанда дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here