Зиёд шудани сатҳи содиршавии ҷиноятҳо миёни ноболиғон мақомоти прокуратураи кишварро нигарон кардааст.
Сардори раёсати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон дар прокуратураи генералӣ Камолзода Баракатулло имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, новобаста аз чораҳои андешидашуда барои пешгирӣ ва огоҳсозӣ ҷинояту ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон сатҳи содиркунии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон соли 2018 назар ба соли 2017 афзоиш ёфтааст.
— Дар ин муддат аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 907 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 217 ҳолат ё 31, 4 фоиз зиёд мебошад. Сабабу омилҳои афзоиши ҷиноятҳо дар байни ноболиғон беназоратӣ аз ҷониби волидон ва ба кору таҳсил фаро гирифта нашудани онҳо мебошад. Дар ин муддат 789 ноболиғ ҷиноят содир кардааст, ки 539 нафари онҳо ба ягон намуди фаъолият машғул набуданд. Онҳо на кор мекарданд, на дар ягон муассисаи таълимӣ таҳсил мекарданд, — гуфт Камолзода.
Ҳамчунин, гуфта шуд, дар ин давра дар миқёси кишвар 21957 адад ҷиноят содир шудааст. Аз ҷониби муфаттишони прокуратура тафтиши 3897 парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расонида шуда, 3591 парванда ба суд фиристода шудааст.