ҶСК «Бонки Эсхата» дар доираи курси барномавии «Ман роҳбар» силсила тренингҳоро оид ба барномаи махсус таҳияшудаи менеҷерон таҳти унвони «Ман роҳбар ҳастам» баргузор намуда истодааст. Ин барнома барои роҳбарони сатҳи миёнаи бонк пешбинӣ шудааст.

Барнома аз се марҳила иборат буда, дар айни замон марҳилаи аввали омӯзиши менеҷерони сатҳи миёнаи сарбонк идома дорад, ки самти худидоракунӣ ва тайм-менеҷмент, яъне идоракунии вақтро дар бар мегирад.

Инчунин дар назар аст, ки кормандони филиалҳои бонк низ омӯзонида шаванд. Дар маҷмӯъ, дар доираи ин барнома омузонидани зиёда аз 230 менеҷерони бонк ба назар гирифта шудааст.

Тренерони семинар яке аз тренерони беҳтарини Бонки Эсхата Носир Орипов — Сардори Департаменти тиҷорати чакана ва Сайера Холова — Менеҷери рушди кормандони ҶСК «Бонки Эсхата» мебошанд, ки қисми назариявии барномаи омӯзиширо бо қисми амалӣ бомуваффақият пайваст менамоянд.

Бо мақсади фарогирии бештари менеҷерон, барои омӯзиш ҷалб кардани тренерони дигар, аз байни менеҷерони сатҳи болоии саридора дар назар аст.

Барномаи таълимӣ барои 9 моҳ таҳия шудааст ва на танҳо аз иштирок дар семинарҳо, балки аз омӯзиши мустақили мавод дар самти роҳбарӣ ва идоракунии кадрҳо иборат аст. Дар маводи омӯзишӣ беҳтарин маводҳои мактабҳои маъруф ва муаллифони соҳаи идоракунӣ истифода бурда шудааст.

Пас аз ба итмом расидани марҳилаи якуми барномаи «Ман роҳбар» иштирокчиён дониши худро дар доираи марҳилаҳои дуюм ва сеюми курс сайқал дода, самтҳои «Идоракунии оперативӣ» ва «Роҳбарият»-ро меомузанд.

«Бо шарофати барномаи «Ман роҳбар» мо дар рушди ҳайати менеҷерии бонк саҳми худро мегузорем, алахусус он роҳбаронро таълим медиҳем, ки потенсиали калон доранду бонкро ба сатҳи нави рушд баровварда метавонанд. Маълум аст, ки роҳбарӣ омили муҳими раванди идоракунист ва мо бояд ба назар гирем, ки кормандоне, ки дорои иқтидори қавии роҳбарӣ ҳастанд, бояд онро амалӣ кунанд» — гуфт Носир Орипов, тренери курс.

Нишонаи муваффақияти ҳар як коргоҳ мавҷудияти идоракунии динамикӣ ва самараноки он мебошад. Вазифаи мо ноил шудан ба идоракунии босифати кадрҳо, ташаккули захираи кадрии истеъдодҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии худ тавассути рушди сифатҳои роҳбарӣ ва рағбати бузурги кормандони роҳбарикунанда мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here