Хадамоти ҷосусии ИМА бовар доранд, ки Теҳрон шояд қасди зарба задан ба нерӯҳои ИМА дар Ховари Миёнаро дошта бошад.
Ин зарбаи эҳтимолӣ ба солгарди қатли фармондеҳи нирӯҳои вижаи Ал-Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (воҳидҳои элитаи Қувваҳои мусаллаҳи Эрон) Қосим Сулаймонӣ таъйин шудааст. Тарси хадамоти ҷосусиро рӯзи чоршанбе Fox News хабар дод, ки ТАСС ба он ишора мекунад.
Тибқи иттилои манбаъҳои Хадамоти ҷосусӣ, Пентагон маълумоте дорад, ки тибқи он Эрон то ҳол «мехоҳад аз ин куштор интиқом гирад.» Тавре як масъули департаменти низомии ИМА қайд кардааст, далелҳои омодагӣ дар Ироқ ба ҳамлаҳо мавҷуданд, ки «барои иҷрои он кумаки Эрон зарур аст». Манбаъ мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки сухан дар бораи «банақшагирии ҳолатҳои фавқулодда» аст, ё дар бораи омодагии мустақим ба задани зарба меравад.