Дирӯз, нисфирӯзӣ, як зани 30-сола худро бо се фарзандаш ба дарёи Сурхоб андохтааст, ки то кунун аз онҳо ҷасад як нафар пайдо шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар дод.

Дар хабари ин ниҳод гуфта мешавад, ки як сокини 30-солаи ҷамоати Ғарми ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб андохтааст. Ин фоҷеа соати 12:20-и рӯзи 16-уми августи соли равон рух додааст. Наҷотдиҳандагону ғаввосони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Рашт фавран дар ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшудагон шуданд.

Дар ҷараёни ин кофтуковҳо имдодгарон шаш километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар қаламрави деҳаи Навдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ҷасади духтарчаи 3-соларо пайдо карданд.

Ҷустуҷӯи модар ва ду фарзанди вай — писари 9-сола ва духтари 6-сола — идома дорад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here