Дар ноҳияи Ҷайҳун аз сабаби харидор наёфтани пиёз ин маҳсулот аз замини кишт ҷамъовари нашуд ва дар майдони 11 га ҳосили соли гузашта шудгор карда шуд.

Раиси ноҳияи мазкур Аминзода Фотеҳ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта деҳқонони ноҳия дар майдони 2596 га замин пиёз кишт карданд, аз он 99 ҳаҳор тонна ҷамъоварӣ шуда, 41 тоннаи он ба хориҷа содирот карда шудааст.

Раиси ноҳия афзуд, пиёзи ноҳия дар бозори дохил ва хориҷи кишвар бо вуҷуди нархи арзон доштанаш пурра фурухта нашуд. Аз ин ҳисоб деҳқонони ноҳия зарар дидаанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here