Дар доираи маъракаи иттилоотии «70 рӯз то 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ бо Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ озмуни “Беҳтарин инъикосгари масоили ҳуқуқи инсон дар осиёи марказӣ”-ро эълон мекунад.

Мақсади озмун ин, мусоидат ба риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Вазифаҳои озмун:

— беҳтар намудани инъикоси масъалаҳои марбут ба поймолкунии ҳуқуқи инсон;

— баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ;

— баландбардории огаҳмандии аҳолӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон;

дастгирӣ ва рушди касбият рӯзноманигорон дар ин самт;

Муаллифони штативу ғайриштатии матбуот, радио ва расонаҳои онлайнии Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд, дар озмун ширкат намоянд.

Забони матолиби озмун –қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ.

Мӯҳлати охирини қабули матлаб на дертар аз 30-юми ноябри соли 2018 соати 17:00 (GMT+6),  мебошад:

Ҷоизаҳо ба таври зерин тақдим мешаванд:

Ҷойи аввал –ноутбук

Ҷойи дуюм – ноутбук

Ҷойи сеюм – телефони мобилӣ

Дар доираи Озмун инчунин ҷоизаҳои вижа дар бахшҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

1. Инъикоси масоили занон ва кӯдакон

2. Инъикоси масоили марбут ба шиканҷа, латукӯб, боздоштҳои ғайриқонунӣ

3. Инъикоси масоили марбут ба озодии баён ва озодии матбуот

4. Баррасии масъалаҳои марбут ба озодии ақида, виҷдон ва озодиҳои динӣ

Тӯҳфаҳои вижаи лоиҳа- телефони мобилӣ

Матлабҳои пешниҳодшуда аз ҷониби аъзоёни мустақили ҳакамон тибқи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ мешаванд:

Ғайрмаъмулӣ: пешниҳоди ғайриоддии мазмун ва шаклҳои мавзӯъ пазируфта мешаванд;

Хушбаёнӣ: муаллифони матлабҳои озмун бояд ба таври ҳирфаӣ аз дастгоҳҳо ва имкониятҳои ВАО истифода кунанд;

Натиҷа: матлаб чӣ гуна вокуниши мардумӣ ба вуҷуд овард, ин матлаб барои ба таври оммавӣ матраҳ гардидани ин мушкилот мусоидат кард ё на;

Аҳамият: мавзӯъ ва мазмуни матлабҳои озмун бояд ҳолатҳои мушаххасро дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказиро инъикос карда, мушкилоти мавҷударо боз намуда, роҳҳои ҳалро пешниҳод намоянд;

Раванди таҳлилӣ: матлабҳое, ки робитаҳои поймолшавии ҳуқуқи инсонро бо рӯйдодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар кишварҳои минтақа ошкор ва нишон медиҳанд, хуб пазируфта мешаванд;

Дастрасӣ: матлабҳои озмун бояд бо шеваи сода ва забони фаҳмо барои хонандагон пешниҳод шаванд;

Дақиқбаёнӣ: дар маводҳои озмун, рақамҳо, далелҳо ва маълумоти дигар бояд ба воқеият мувофиқ бошад;

Беғаразӣ: матлабҳои озмун бояд бо тавозун ва бетараф бошанд;

Ба ҳайати ҳакамони озмун намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, коршиносон дар бахши ВАО ва рӯзноманигорон аз Осиёи Марказӣ ворид хоҳанд шуд.

Шарти иштирок:

Матолибҳое дар ин озмун қабул мегарданд, ки аз 1-уми январи соли 2018 то 30-уми ноябри соли 2018 мунташир шуда бошанд.

Дар ин озмун муаллиф ва ҳаммуаллифон метавонанд, танҳо як маводро пешниҳод намоянд.

Агар маводи пешниҳод гардида аз тарафи чанд нафар муаллиф омода шуда бошад, дигар муаллифон бояд дар ҷараён бошанд. Дар сурати рух додани нофаҳмиҳо миёни муаллифон, ташаббускорони озмун ҷавобгарӣ нахоҳанд дошт.

Матлабҳои пешниҳод шуда, баррасӣ ва баргардонида намешаванд.

Ташаббускорони озмун ҳақ доранд, ки минбаъд низ аз матлабҳои пешниҳодшудаи озмун истифода кунанд.

Дар  озмун матлабҳои илмӣ, таҳлилӣ, гузориш аз семинарҳо, давраҳои омӯзишӣ, конфронсҳо ва мизҳои гирд қабул карда намешаванд.

Иштирок дар озмун озод ва ройгон аст. Синну соли иштироккунандагон маҳдуд нест.

Матлабҳои озмун бояд дар шакли электронӣ ба ин нишонӣ (https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSdC31sqpa6yRg_n7bS_9vIiHGXvrmM9AiadEdbfwwV66l4EqQ/viewform) пешниҳод карда шаванд. Тамоми матлаби озмун бояд бо тасдиқи нашр, (нусхаи ҳафтанома, маҷалла, сабти ТВ/радио) пешниҳод гарданд. Матлабҳои наворӣ (аудио/видео) бояд дар интернет ҳифз ва дастрас бошанд, то аз онҷо имкони гӯш додан ва ё боргирӣ кардан вуҷуд дошта бошад. Ҳамчунин, нишониҳои ин гуна матолиб бояд дақиқ ба почтаи электронӣ фиристода шаванд.

Натиҷаҳои озмун на дертар аз 10-уми декабри соли 2018 эълон мешавад.

Маросими ҷоизасупорӣ дар ҳар як кишвари Осиёи Маркази дар Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор хоҳад гашт.

Созмондиҳандагони озмун ҳуқуқ доранд, то хазинаи ҷоизавиро вобаста ба теъдод ва сифати матлабҳои воридшуда истифода кунанд. Дар сурати зарурати сарфа маблағҳои сарфшуда барои тӯҳфаҳои таблиғотӣ харҷ карда мешаванд.

Маълумоти иловагиро аз сомонаи www.cabar.asia.  дастрас намоед. 

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳои дигар Шумо метавонед, ба намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ ба почтаи электронии jamilya@iwpr.net ва ё ба телефони (+996 312) 312 995, 313 411 .муроҷиат намоед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here