Рӯзноманигорон дар вохӯрии дирӯза бо намояндагони кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан аз раисаш Гавҳар Шарофзода пурсиданд, ки оё боре ҳам ба номгузории вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳо ва мувофиқати он бо сарфу наҳви забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ кардаанд, ё не?

Барои мисол номи ду ниҳоди давлатӣ оварда шуд, ки ба сарфу наҳви замони тоҷикӣ мувофиқат намекард. Яке Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтию санитарӣ-эпидемиологӣ ва дигаре Муассисаи давлатии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ.

Муовини раиси кумитаи мазкур Саодатшоҳ Матробиён гуфт, соли гузашта айнан ҳамин савол буд ва пас аз нишаст руйхат таҳия шуда, ба худи мақомот пешниҳод гардидааст. Масъалаи номҳои корхонаву идораҳо ҳануз дар баррасӣ қарор дорад.

— Мо медонем, номҳои зиёде ҳастанд, ки ба меъёри забони тоҷикӣ мувофиқат намекунанд, вале ба хотири хароҷоти зиёд аз пешниҳодҳо барои иваз кардани номҳо худдорӣ карда истодаем. Мумкин аст моҳҳои наздик, ё ҳамин сол, кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номҳоро барои тағйирот пешниҳод хоҳад кард, — гуфт Матробиён.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here