Баъд аз чанд соли хостори баромадани Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо, билохира, 31-уми январи соли равон ин кишвари Аврупо аз узвияти Иттиҳоди Аврупо берун шуд.

Роҳбарони пурқудрати давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, канслери Олмон Ангела Меркел ва президенти Фаронса Эмануел Макрон шоми 31-уми январро лаҳзаҳои ғамангез барои Иттиҳоди Аврупо унвон карданд.

Шоми 31-уми январ дар Брюссел,  Иттиҳоди Аврупо 15 фоизи иқтисод ва бузургтарин сарпарасти ҳарбиву сармояи байнанмилалии молиявии худро аз даст дод. Тарафдорони хориҷшавии Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо, баъди баромадани ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо, парчами онро дар саҳни  Даунинг Стрит сӯзониданд. Тарафдорони ҷудошавӣ аз Иттиҳоди Аврупо, ки сарвазир Ҷонсон аз зумраи онҳост, баъд аз баромадан аз узвияти Иттиҳоди Аврупо дар саҳни Даунинг Стрис, ин санаи муҳимро бо хушҳолӣ таҷлил карданд.

Пас аз қатъи узвият ба Иттиҳоди Аврупо сарвазири Британия Ҷонсон ваъда додааст, ки бо Иттиҳоди Аврупо, ҳамчун бузургтарин блоки тиҷоратии дунё, созишномаи васеи тиҷорати озодро имзо хоҳад кард.

— Ин гуфтушунидҳо албатта осон нахоҳад шуд, — иброз намуд канслери Олмон Ангела Меркел ба Британия ҳушдор дода, ки агар ин кишвар аз қоидаҳои Иттиҳоди Аврупо саркашӣ кунад, дастрасии ӯ ба бозори Иттиҳоди Аврупо маҳдуд мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here