Дар ҷумҳурӣ ҳангоми ҳалли баҳсҳо истифодаи корд ҳамчун силоҳ бештар шудааст ва шумораи осебдидаҳо низ аз ин намуди ҷиноят низ афзудаанд. Маркази матбуоти ВКД ҶТ зуд-зуд аз чунин муноқишаҳо хабар медиҳад.

Ба РВКД дар ноҳияи Рашт марди 54-солаи сокини деҳаи Ниширёни ҳамин ноҳия муроҷиат кардааст, ки рӯзи 21-уми октябри соли 2017, тахминан соати 11:30, дар назди ҳавлии истиқоматиаш марди 55-солаи ҳамсояаш бе ягон асос ӯро лату кӯб карда, бо корди кисагии дар дасташ буда, 2 маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Ҷинояткор аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар мардони 21 ва 22-солаи сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудаанд. Номбурдагон, 22-юми октябри соли 2017, тахминан соати 15:30, дар назди даромадгоҳи бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, бо 2 нафар мардони 23 ва 24-солаи сокинони ин шаҳр муноқиша карда, онҳоро латукӯб кардаанд.

Дар вақти ҷангу ҷанҷол марди 21-солаи сокини шаҳри Сарбанд бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба бадани марди 24-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа задааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here