Клуби футболи «Истиқлол»и Душанбе ду бозигари навро ба ҳайаташ даъват ва бо як легионер хайрухуш кард. Дар ин бора вебгоҳи ин клуб хабар дод.

Ду бозигаре, ки барои гузаштан аз санҷиши дастаи «Истиқлол» даъват шудаанд, аз кишварҳои Беларус ва Украина будаанд. Айни ҳол ҳуҷумкунанда Дмитрий Хлебосолов, ки пештар дар чемпионатҳои Русия, Олмон ва Беларус бозӣ кардааст ва ниммуҳофизатгар Валерий Кучеров (Украина) бо даста машқ мекунанд. Ҳардуи ин футболбоз дар ҳайати асосии даста дар вохӯрии даври сеюми марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ бо дастаи «Маҳаллаи 83» (Душанбе) ба майдон баромаданд. Ин вохӯрӣ бо натиҷаи 4:0 ба фоидаи дастаи ин легионерҳо ба анҷом расид. Хлебосолов баъди анҷоми қисми якум иваз карда шуд, Кучеров тамоми 90 дақиқа бозӣ кард.

Ҳамзамон клуби «Истиқлол» ва ниммуҳофизатгар Дэвид Мавутор ба натиҷае расидаанд, ки ҳамкориро қатъ кунанд. Мавутор ба «Истиқлол» аввали соли 2014 омада буд ва то моҳи майи ҳамин сол шартнома дошт, аммо тарафҳо бо розигӣ ин қарордодро фасх кардаанд. Мавутор соли 2014 тамоми мавсим дар ҳайати «Истиқлол» бозӣ кард ва мавсими 2015 ба ватанаш – Гана рафт. Сипас, дар мавсими 2016 дубора ба «Истиқлол» баргашт. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here