Набераи бузурги президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов, писари Гулнора Каримова, Ислом Каримови 25-сола аз ҳукумати Британияи Кабир паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст.

Дар ин бора бахши ӯзбекии ВВС бо истинод ба маълумоти вакили лондонии Ислом Каримови хурдӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ки набераи президенти собиқи Ӯзбекистон тахминан як моҳ пеш дархости паноҳандагӣ кардааст. Писари Гулнора Каримова аз замоне, ки модараш дар Ӯзбекистон ба таъқибҳои сиёсӣ гирифтор шуд, дар Британия зиндагӣ мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here