Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, 20 январи соли соли равон,  бинобар зиёд гардидани хавфи тармафароӣ тибқи талаботи Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама воситаҳои нақлиёт аз километри 47-ум (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81 — ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар заминаи фаъолияти пурсамар, сарфи назар аз бориши пуршиддати барф ва тармафароии муттасил кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”роҳро дар муддати кутоҳ тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карданд. Дар ин замина, рӯзҳои 21-22 январи соли равон дар ин масир кормандони мо 33 тармаи хурду бузургро бартараф карданд.

Ба шарофати тадбирандешиҳои бетаъхир нимаи дуюми 21 январи соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав  имконпазир гардид. Субҳи 22 январ бошад, ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор ва “Фура”-ҳо ки бо мақсади эҷод накардани монеа ба дигар автомобилҳо муваққатан боздошта будем, иҷозат дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар минтақаи Варзоб, дар минтақаҳои Зарафшон ва Суғд роҳ аз барф тоза ва бо маводи зиддилғжиш коркард шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин буд.

Тибқи муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ситоди муштарак аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазорати нақлиёт ва корҳои дохилӣ таъсис ёфта, аъзои он  тасмим мегиранд, ки дар сурати афзоиш ёфтани хатари тарма ва ё дигар омилҳо, ҳаракати нақлиёт мутаввақиф карда шавад.

Тибқи талаботи Фармоиши мавриди назар, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад дар масири роҳи автомобилгарди «Душанбе- Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, аз деҳаи «Ҳушёрӣ»- и ноҳияи Варзоб (км 44) то деҳаи «Такфон»- и ноҳияи Айнӣ (км 95) ва аз км 136 ноҳияи Айнӣ то км 181 ноҳияи Шаҳристон танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 т буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешавад.

Илова бар ин, фармоиши мавриди назар масъулинро вазифадор намудааст, ки дар мувофиқа бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар минтақаҳои мушкилгузари роҳ – аз мавзеъи «Ҳушерӣ»- и ноҳияи Варзоб то деҳаи «Такфон»- и ноҳияи Айнӣ ва аз мавзеъи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Айнӣ то мавзеъи «Охтанги»-и ноҳияи Шаҳристон зери назорати доимӣ қарор дода, ҳангоми вазнин гардидани шароити ташкили ҳаракат дар роҳ, дар асоси қарори якҷояи масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи махсуси ҳаракати воситаҳои нақлиёт — рӯзҳои тоқи моҳ аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва рӯзҳои ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд ба роҳ монанд.

 Қобили зикр аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба реҷаи болозикр вобаста аз шароити роҳ, дар мувофиқа бо масъулини вазоратои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумурии Тоҷикистон ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

Далелҳо ҳокианд, ки мушкилӣ асосан дар километри 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин омил, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шурӯъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш  падидаи маъмул маҳсуб мешавад.

Дар маҷмӯъ, дар ҳама қитъаҳо барф бисёр зиёд буда,  20-уми январ дар баъзе мавзеъ ба як метр расид. Аз ронандагон даъват ба амал меорем, ки тасмими ширкатро, ки аз Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат маншаъ гирифтааст, дарк кунанд, зеро маҳдуд кардани ҳаракат ба бехатариашон  рабт дорад.

Ҳарчанд баъзеҳо мегӯянд, ки азбаски роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дорад, дар сурати эҳтимоли ҳалокат ва хатар ба ҷони ронандагон аз он пешгирӣ намояд. Бегуфтугӯ, барои мо таъмини бехатарии шаҳрвандон болотар аз омилҳои дигар аст.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here