Дар вилояти Манғистони Қирғизистон дар натиҷаи ҳафт фоиз зиёд шудани шумораи гирифторони коронавирус маҳдудиятҳои қарантин пурзӯр гардид. Ба иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар корхонаҳое, ки тоза ба кор шурӯъ карда буданд, фаъолияташон қатъ гардид.
Сарраёсати санитарии вилояти Манғистон хабар додааст, ки бо сабаби мушкил шудани вазъи эпидимологӣ фаъолияти кинотеатрҳо, театрҳо, намоишгоҳҳо ва клубҳои фароғатӣ, тарабхонаву қаҳвахонаҳо боздошта шудааст.
Гуфта мешавад, ки низоми қарантин бо тайғир ёфтани вазъи бемории коронавирус метавонад тайғир ёбад.