Дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ ва фаҳмонидани хатари коронавирус аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати шаҳр ва ҲХДТ чорабинии тарғиботию ташвиқотӣ зери унвони “Хона ба хона” баргузор шуд.

Ташаббускорони ин иқдом бевосита бо сокинон дар маҳалла ва ҳавлиҳо вохӯриҳо анҷом дода, дар баробари паҳн кардани варақаҳо, ҳамчунин, онҳоро ҳушдор доданд, ки ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ риоя карда, бештар аз издиҳом дурӣ ҷӯянд.  Ҳатман, зимни баромадан ба кӯчаҳо, аз ниқобҳои ҳимояткунанда истифода баранд.

— Роҳандозии ин гуна чорабиниҳо ба хотири эмин мондан аз ин бемории сироятист, ки кас намедонад, бо кадом роҳ ба он гирифтор мешавад. Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд, зеро  то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, —  хабар дод дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here