Ширкати Tcell бо “Алиф” интиқоли онлайнии пулро аз тариқи сомонаи расмии Tcell бо 0% комиссия пешниҳод мекунад: https://www.tcell.tj/alif-pay.php
Бо истифода аз ин хизматрасонӣ, аз ҳама кортҳои бонкии Русия (Visa / MasterCard / MIR) ба Тоҷикистон ба корти “Корти миллӣ” –и ҳамаи бонкҳо ва ё ҳамёни мобилии alif.mobi интиқоли маблағ имконпазир аст.
Пули ирсолшуда дар муддати чанд сония ва бе ягон комиссия, бо қурби интиқолии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоби корт гузаронида мешавад. Ҳадди ниҳоии интиқоли яккаратаи маблағ 27.000 рублро ташкил медиҳад. Миқдори интиқол дар як рӯз маҳдуд намешавад.
Бартарияти аслии ин хизматрасонӣ – комилан ба сурати онлайн фаъолият кардани он аст. Сервис шабонарӯз кор мекунад. Барои интиқоли пул лозим нест, ки ба шӯъбаҳои бонк муроҷиат намуда, то пардохту ҳисобии он интизор шавед. Фақат кофист ба сомонаи расмии Tcell ворид шавед ва чанд клик кунед, дар чанд лаҳза маблағи ирсолнамудаи Шумо ба наздикону пайвандонатон мерасад.