Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии опсияи нав — “Интернети бемаҳдуд” эълон кард. Муштариёни таърифаҳои нақшавии  Даркор 99, 159 ва 199 метавонанд аз ҳамаи имкониятҳои “Интернети бемаҳдуд” бемаҳдудият истифода баранд.

Опсия трафики бемаҳдудеро ҳангоми ҷустуҷӯи иттилои даркорӣ, таҳсилу кор  ва албатта аснои муоширати беохир бароятон пешниҳод месозад.

Барои ширкати  Tcell дар авлавияти фаъолият ниёзу хоҳишҳои муштариёнаш қарор дорад. Яке аз дархостҳои асосӣ ва талаботи муштариён дар нисбати оператор роҳандозии интернети мобилии бемаҳдуд (бе трафик) мебошад. Вобаста ба майлу хоҳиши муштариён, ширкати Tcell опсияи нав — “Интернети бемаҳдуд”-ро  роҳандозӣ кардааст.

Опсия барои истифодабарандагони тарофаҳои Даркор 99, 159 ва 199 дастрас аст. «Интернети Бемаҳдуд»-ро тавассути фармони *290*8# пайваст кардан мумкин аст. Пас аз тамомшавии бастаи асосии трафик, муштариён имкони истифода аз Интернети баландсифат бо суръати 256 кб/с-ро доранд.

Бо опсияи «Интернети бемаҳдуд» шуморо зарур намеояд, ки бақияи трафикатонро санҷед, ё онро доимо таҳти назорат дошта бошед. Трафики бемаҳдуд ба шумо имкон медиҳад, ки 24 соат дар шабонарӯз (ба таври доимӣ) дар иртибот бошед ва аз ҳамаи зарфиятҳои шабакаи ҷаҳонии Интернет истифода баред.

Арзиши пайвастшавӣ 20 сомонӣ аст. Опсияро ҳангоми фаъол будани тарофаҳои нақшавии Даркор 99, 159 ва 199 пайваст кардан мумкин аст.

Маълумоти муфассалро дар мавриди “Интернети Бемаҳдуд”, мутобиқати он бо тарофаҳои истифодабаранда ва опсияҳои муштарӣ бо воситаи тамос ба рақами кӯтоҳи 290, ё аз сомонаи расмии ширкат: www.tcell.tj дарёфт карда метавонед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here