Моҳи феврали соли 2018 ширкати Tcell эътирофи навбатӣ ба даст овард! Лоиҳаи иҷтимоии «Интернети Бехатар» аз Tcell ба ТОП-3 аз руи категорияи «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ»-и ҷоизаи Global Event Awards ворид гардид.
Global Event Awards – ин ҷоизаи байналмилалӣ барои беҳтарин ивент-агентиӽои кишварҳои ИДМ ва Прибалтика (аз ҷумла, Русия) мебошад. Имсол дар мусобиқа 94 лоиҳа аз 7 кишвар иштирок намуданд. Ширкати Tcell лоиҳаи «Интернети Бехатар» барои хонандагони синфӽои болоӣ (13-16-сола), ҳамчун вокуниш ба ҷараёни инкишофи муносибатҳои мутақобилаи кӯдакон бо шабакаи ҷаҳонӣ оғоз намуд.
Мо дар даврони рақамӣ зиндагӣ мекунем, ки беш аз 3,5 миллиард одамон дар ҷаҳон аз Интернет истифода мебаранд, ва ин нишондод рӯ ба афзуншавӣ дорад. Барои одамони зиёд Интернет – ёрдамчии беназир дар ҳалли бисёр масоили ҳамарӯза мебошад. Ҷавонони имрӯз – миллениалӽои дар солӽои 2000-ум, дар ҷаҳони компютерӽо, гаҷетӽо, смартфонҳо ва Интернет ба дунё омадаанд. Онҳо ҷаӽонро бидуни ин чизҳо тасаввур карда наметавонанд. Онӽо бо истифода аз имкониятхои беканори шабака муошират, хештангароӣ, дӯстон пайдо мекунанд, кор мекунанд ва онлайн таӽсил мекунанд. Онҳо зуд ба кулли навгониӽо мувофиқ гашта, худ контент эҷод мекунанд.
Дар хислати муносибатҳои наврасон бо Интернет тағйирот сурат мегирад: дар соли 2017 муоширати харобиовар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ном «бозиҳо», боиси чанд ӽодисаӽои нохуш дар байни наврасони Русия гардид.
Бо оғози лоиҳаи «Интернети Бехатар «, Tcell мехоҳад, ки Интернет-саводнокии насли наврасро баланд бардошта, истифодабарии муфиди шабакаро барои рушд ва худомузӣ биомузонад, хавфу хатарӽое, ки метавонад аз Интернет барояд, ва роҳҳои аз онҳо канорагириро шарҳ диӽад. Ҷавонон – ҳадафи стратегии муҳим барои Tcell ӽастанд, ва баланд бардоштани сатӽи дониши онҳо доир ба истифодабарии муфид ва дурусти шабакаи Интернет барои рушди ҷомеа дар маҷмуъ хеле муӽим аст.
Муаррифӣ барои лоиҳа дар асоси таҷрибаи байналмилалии кор бо наврасон таҳия шуда, барои кӯдакони Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Марҳилаи аввали лоиҳа чорабиниҳоро дар Душанбе дар бар гирифт. Талабагон ба Tcell Plaza омада доир ба ин масъала экскурсияи таълимӣ гузашта, бо менеҷерон ва директорони департаментӽои гуногун суӽбат доштанд. Баъд аз экскурсия барои онӽо дарси интерактивӣ дар бораи истифодаи бехатар аз шабакаи Интернет гузаронида шуд. Наврасон бо спикер оид ба мавзӯъӽои Интернет-қаллобӣ, вирусҳо, иттилооти бардурӯғ ва онлайн-муошират бо одамони ношуносу номатлуб муӽокима карданд. Ҳамчунин, дар рафти дарс тарафӽои манфии истифодабарии шабака ӽамчу захираҳои таълимӣ ва имкониятӽои онлайн-таълимот баррасӣ карда шуд. Марҳилаи дуюм дарсҳои таълимӣ барои наврасони минтақаҳои гуногун (ВМКБ, Суғд, Хатлон), дар дабистону истироӽатгоӽӽои тобистонаро дар бар гирифт.