27-уми январи соли ҷорӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ ба муносибати 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Сорбон баргузор гардид.

Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба эҷодиёт ва осори пурғановати адиб сухан кард.

Дар идомаи маҳфил, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода чанд нуктаро аз ҳаёту фаъолияти эҷодии нависанда ёдовар шуда, қайд кард, ки «адиб ба зиндагии мардум аз дидгоҳи нав назар афканда,  дар асарҳои худ фалсафаи баланди ҳаётро таҷассум намудааст».

Доктори илмҳои филология Шамсиддини Солеҳ аз мақому манзалати адиб дар адабиёти тоҷик ёдовар шуда, зикр намуд, ки эҷодиёти  нависанда як мактаби адабии хеле бузург ва пояндаву абадӣ маҳсуб меёбад.

Дар маҳфил муовини раиси Иттифоқи нависандагон Юнуси Юсуфӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода баромад карда доир ба хусусиятҳои фарқкунандагии эҷодиёти нависанда чанд нуктаро таъкид намуданд.

— Устод Сорбон бо сабку услуби навишт ва истифодаи вожаҳои фаромӯшшудаи суғдӣ  дар асарҳояш аз дигар нависандагон фарқ мекунад, — гуфт зимни баромадаш Абуднабӣ Сатторзода.

Рӯзноманигор Одили Нозир дар асоси фаъолияти эҷодии 60-солаи нависанда, китоберо таҳти унвони “Сорбон дар оинаи нақди сухансанҷӣ” ки дарбаргирандаи тамоми пажуҳишҳо, таҳқиқотҳо роҷеъ ба фаъолияти адабии  Сорбон мебошад, гирдоварӣ намуда, онро дар шакли як асари мукаммал ба устод тақдим кард.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи Иттифоқи нависандагон намоишу фурӯши осори устод Сорбон пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Шаҳноз Ализода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here