Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо шахсоне, ки худ дар барқарор кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудан ва барҳам додани оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд масъуланд, ҷиноятҳои коррупсионӣ содир мекунанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, ки нозири калони Шуъбаи корҳои ислоҳии вилояти Хатлони Раёсати нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳамдам Бегиҷонович бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А», ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 328 қисми 1 ва 330 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии судӣ қарор дошт, даромада, барои нисбати охирон тавассути суд таъин намудани ҷазои ғайриҳабсӣ дар намуди ҷарима аз ӯ 11000 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 1000 сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда 10.000 сомонии дигарро талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Одинаев Ҳамдам Бегиҷонович зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 10.000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи 10.000 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Одинаев Ҳамдам Бегиҷонович бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here