Шабакаи NDTV хабар медиҳад,ки дар шаҳри Лех воқеъ дар қаламрави Иттифоқи Ладак дар сарбози 34-сола ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки ин аввалин ҳодисаи беморӣ дар артиши Ҳиндустон аст.

Тибқи маълумоти ин манбаъ бемор дар қаламрави Ладак, полки пиёдагардони артиши Ҳиндустон буда, марзҳои кишварро дар баландиҳои Ладак муҳофизат мекардааст.

Коронавируси COVID-19-ро сарбоз дар рухсатӣ аз ҷониби падараш гирифтааст, ки падари ӯ 27-уми феврал аз Эрон баргашта будааст. 29-уми феврал падари хизматчии ҳарбиро таҳти қарантин гирифтаанд. Ба ғайр аз хизматчии ҳарбӣ зану ду фарзандаш дар қарантин мебошанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҳиндустон, то 18-уми март, дар қаламрави Иттифоқи Ладак 8 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

ОИР «Новости» менависад, ки дар Ҳиндустон то дирӯз 147 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки 25 нафарашон хориҷӣ мебошанд. Аз ин ҳисоб 14 нафар шифо ёфтаанд ва аз беморхонаҳо рухсат шудаанд, се нафар фавтидаанд.

11-уми март Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сар задани коронавируси COVID-19-ро дунёгир эълон кард. Зиёда аз 179 ҳазор нафар дар 151 кишвар аллакай ба ин вирус мубтало шудаанд ва аксарияти онҳо шифо ёфтанд. Зиёда аз 7 ҳазору 400 нафар ҷон бохтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here