Вохӯрии даври дуюми Ҷоми ҷаҳон-2019 U-17 миёни дастаҳои ҷавонони Испания ва Тоҷикистон имрӯз, 31-уми октябр, дар варзишгоҳи Эстадио Клебер Андраде дар шаҳри Кариасики Бразилия баргузор мешавад. Бозӣ соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ, дар Тоҷикистон соати 01:00 субҳи рӯзи 1-уми ноябр, оғоз меёбад.

Бино ба иттилои Федеретсияи футболи Тоҷикистон футболбозони тоҷик ба ин вохӯрӣ омодаанд ва машқу тамринҳоро пурра иҷро кардаанд. Танҳо Шуҳрат Элмуродов, ки дар бозии гузашта бо Камерун (1:0) корти сурх гирифта буд, дар машқҳои даста ширкат накардааст.

Бозии даври дуюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷаҳон-2019 дар гуруҳи “Е” байни дастаҳои ҷавонони Испания ва Тоҷикистонро довари 28-солаи FIFA Иван Бартон аз Салвадор ҳакамӣ хоҳад кард.

Дар ин чемпионат Бартон аллакай дар як вохӯрӣ дар даври аввал хидмат кардааст. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ӯ довари асосии бозии Фаронса — Чилӣ (2: 0) буд.

Ба вай Довуд Моран Сантос (Салвадор) ва Зачарӣ Зигелаар (Суринам) ёрӣ мерасонанд. Довари эҳтиётӣ Иво Мендез (Боливия) ва видеодоварон Николас Галло (Колумбия) ва Пиро Маза (Чилӣ) мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here