Имрӯз, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор вохӯрии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» бо ширкати дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Непал баргузор мегардад.

Соҳибони майдон бо пероҳани сафед ва меҳмонон бо либоси сурх ба майдон хоҳанд баромад. Дирӯз пеш аз бозӣ нишасти матбуотии сармуррабӣ ва намояндагони дастаҳо баргузор шуд. Сармураббии дастаи Непал Кодзӣ Гёдоку гуфт, ки нияти аз Ҳисор бурдани се имтиёзро дорад. Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар ҷавоби ин даъвои ҳамтояш гуфт, ки дилхоҳ мураббӣ бояд ин даъворо кунад.

Сардовар дар майдон реферии 32-солаи FIFA Мавъуд Бунёдифарр аст. Дар канорҳои майдон ба ӯ реферии 40-солаи FIFA Абулфазли Муҳаммадризо ва Саид Алинажодиёни 41-сола ёварӣ мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро реферии 30-солаи FIFA Паём Ҳайдарӣ иҷро хоҳад кард. Нозири доварон Солеҳ Муҳаммад Абдулло Ҳасан Ал-Марзукӣ аз Аморати муттаҳидаи Араб аст. Комиссари ин вохӯрӣ Чак Лок Вун аз Ҳонконг таъйин шудааст.

Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» аз се бозӣ се имтиёз ба даст овардааст ва имкони ба даври дигар роҳ ёфтанро дорад. Барои ин бояд ҳамаи вохӯриҳои дигари гурӯҳиро бо ғалаба анҷом диҳад.

Дар ин рӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе вохӯрии дастаҳои мунтахаби футболи Афғонистон ва Урдун дар гурӯҳи «С» баргузор хоҳад шуд. Ин вохӯрӣ соати 15:00 оғоз мешавад. Афғонистон варзишгоҳи Душанберо чун майдони хонагии худ қабул кардааст.

Манучеҳр Ниёзов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here