Палатаи намояндагони Конгресси ИМА импичменти президент Доналд Трампро оғоз мекунад. Дар ин бора рӯзи сешанбе сухангӯи раиси Палатаи намояндагон Нэнсӣ Пелосӣ хабар дод.
“Ман имрӯз эълом мекунам, ки Палатаи намояндагон тафтишоти расмиро дар доираи импичмент оғоз мекунад. Ман ба шаш кумита супориш медиҳам, ки таҳқиқоти худро оғоз кунанд», — гуфт Пелосӣ, ки дар давлатдории ИМА шахси сеюм аст.
Импичмент барои ба ҷавобгарӣ кашидан бо роҳи аз вазифа сабукдӯш кардани корманди федералӣ, аз ҷумла президенти ИМА, ки ба хиёнати давлатӣ, фасод ё ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои вазнин айбдор мешавад, татбиқ мегардад.
То ба имрӯз, дар таърихи Иёлоти Муттаҳида тартиби имппичменти роҳбари давлат ҳамагӣ се маротиба оғоз шудааст. Ин президентҳо Эндрю Ҷонсон (соли 1868), Билл Клинтон (солҳои 1998-1999) ва Ричард Никсон (соли 1974) буданд. Аммо, Ҷонсон ва Клинтон аз ҷониби палатаи болоии Конгресс сафед карда шуданд. Никсон ҳатто пеш аз шунидан истеъфо дод. Оғози он маънои онро надорад, ки Трамп аз вазифа сабукдӯш карда мешавад.