Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз тарафи имомхатибони ин шаҳр барои қишри ниёзманди ҷомеа хона, барои макатабҳо синфхонаи иловагӣ, барои маҳаллаҳо роҳу бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад.

Бино ба иттилои котиби матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Суҳроб Азизов, айни замон аз тарафи як имомхатиб дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳр бунёди хонаи истиқоматӣ барои як нафар сокини ин маҳалла, ки шароити зиндагиаш сангин буда, имкони сохтани манзили зистро надорад, идома дорад.

Ҳамчунин, аз ҷониби имомхатиби дигаре  дар назди муасссиаи таълимии №2-и шаҳр сохтмони  4 синфхонаи иловагӣ оғоз шудааст. Тасмим аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолият чунин корҳои ободонӣ идома ёбанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here