Аз 2 то 5-уми апрел дар  Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ мусобиқаи ҷумҳуриявии тенниси рӯйи миз ва бадминтон доир шуд. Дар он 80 нафар варзишгари имконияташ маҳдуд аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок карданд. 

— Дастаи вилояти Суғд ҷойи аввал, шаҳри Душанбе мақоми дуюм ва вилояти Хатлон мавқеи сеюмро ишғол карданд, —  хабар дод аз натиҷаи мусобиқа раиси Федератсияи варзишгарони маъюби вилояти Суғд Зокирҷон Комилов.

Ӯ мегӯяд, ки 4 варзишгар , аз ҷумла, Оишахон Баротова, Гуландом Норматова, Акмалҷон Қодиров, ва Қаҳрамон Мӯсобоев, ки дар риштаи варзиши сабук ва тенниси рӯйи мизиву бадминтон машғул ҳастанд, ба натиҷаҳои бесобиқа ноил шуданд. Онҳо имкон доранд, ки ҳангоми иштироки бобарор дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ба Бозиҳои паралимпии 2021 роҳхат гиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here