25-уми март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимини сафарии кории худ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ “Моҳир семент”, Муассисаи томактабии хусусии “Санавбар”, Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” ва майдони варзишӣ, Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона, чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”, Маҷмаи тиҷоратии “Наврӯз”-ро мавриди истифода қарор дод.

Корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир семент” ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи он 600 ҳазор тонна сементи хушсифат мебошад. Корҳои сохтмонии иншооти мазкур соли 2018 оғоз ёфта, бо истифода аз муосиртарин техникаву таҷҳизоти корӣ ва хатҳои истеҳсолӣ дар масоҳати 6,7 гектар замин бунёд гардид.

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар корхонаи нав 120 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Дар коргоҳ айни замон ду навъи семент — М400 ва М500 бо дарназардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад.

Ҳмчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Боғчаи “Санавбар” аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки бештар аз 200 кӯдакро ба тарбия фаро гирад. Тавре маълум гашт, омӯзиш дар муассисаи нав бо чор забон — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шуда, мураббиён дар асоси озмун ба кор қабул карда шуданд. Дар иншооти нави соҳаи маориф 32 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Муассисаи томактабӣ ҳамчунин дорои утоқи алоҳидаи тиббӣ, китобхона, ошхона ва толори фарҳангӣ буда, дар маҷмӯъ дорои 22 утоқ мебошад. Айни замон дар боғча 8 гурӯҳ таъсис ёфта, ифтитоҳи иншооти нав дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷое мушкилоти сокинони маркази ноҳияро дар самти дастрасӣ ба муассисаи томактабӣ ҳал кард.

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here