Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон ба зимистони солҳои 2020-2021 омода буда, ба қадри зарурӣ маводи зидди лағжиш захира кардааст.

Сардори муассисаи мазкур Раҷабалӣ Муродов гуфт, ки ҳоло дар анбори  муассиса 1 ҳазору 100 метри мукааб қуми техникӣ, 70 тонна намак, се тонна ангишт, 6 куб  ҳезум, 3 тонна сӯзишвории дизелӣ, барои коргарон 20 ҷуфтлибосу пояфзоли  зимистона ва ғизо харидаву захира карда шудааст.

«Барои тоза кардани роҳу ағбаҳо аз барф ва таъмири онҳо 8 техника омода мебошанд. Дар ихтиёри муассиса нигоҳубини ду ағба — «Чормағзак» ва «Султонобод» буда, дируз дар онҳо барф то 15 сантиметр борида буд, ки саривақт  ағбаҳо аз барф тоза шуда, як лаҳза низ рафту омади нақлиёт қатъ нашуд», — илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here