Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ мушкилоти нарасидани кадрҳои тиббиро аз афзоиши шумораи клиникаҳои хусусӣ медонад. Дар ин бора ОИ «Суғднюс» хабар дод.
Паҳншавии вируси COVID-19 боиси нарасидани кормандони соҳаи тиб дар шаҳри Хуҷанд шудааст. Ба гуфтаи мутахассисон, имрӯз муассисаҳои тиббии шаҳр ба духтурон ва мутахассисони тибби оилавӣ ва эпидемиологҳо эҳтиёҷ доранд.
Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ, дар ҷаласаи дуюми вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, ки ба ин мушкилот дахл дошд, қайд кардааст, ки норасоии табибон дар муассисаҳои тиббии шаҳр ба рушди марказҳои тиббии хусусӣ алоқаманд аст.
«Бо рушди клиникаҳои хусусии тиббӣ, дар муассисаҳои давлатӣ норасоии кадрҳо ҳис карда мешуд. Бахши хусусӣ дар рӯзҳои аввали паҳншавии коронавирус дар канор монд. Мо дар ҳамбастагӣ бо ин беморӣ мубориза бурда метавонем ” — гуфтааст Анвар Ёқубӣ.
Ба гуфтаи раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзод, ин мушкилро бо ҳамкории зич бо муассисаҳои таълимии тиббӣ метавон ҳал кард.