13 корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 37,8 миллион сомонӣ ниқобҳои тиббӣ, либосҳои махсус ва маҳлулҳои безараргардонӣ истеҳсол кардаанд, то дар давраи дунёгир шудани коронавирус аҳолӣ ва муассисаҳои тиббиро таъмин кунанд. Дар ин хусус раиси ин шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки қаблан маҳсулоти мазкур асосан аз хориҷа ворид карда мешуд. Дар 6 моҳи соли 2020-ум 4,2 миллион ниқоби тиббӣ истеҳсол шудааст.
— Аз оғози пайдоиши коронавирус маъмурияти шаҳр барои хариди дору ва дигар лавозимоти тиббӣ беш аз 380 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд. Айни замон дар шаҳр 16 муассисаи тиббӣ фаъолият мекунанд, ки бо 75 дастгоҳи нафаскашии сунъӣ таъмин ҳастанд», — гуфт раиси шаҳи Хуҷанд.
Ба гуфтаи вай, барои табобати беморони коронавирус 4 бемористон, аз ҷумла Бемористони клиникии вилоятӣ, Таваллудхонаи шаҳрӣ, Бемористони шаҳрии №2 ва Бемористони касалиҳои сироятии шаҳр масъул шуда буданд. Барои муоинаи таъҷилии аҳолӣ ва ба муроҷиаткунандагон додани машваратҳои аввалияи тиббӣ 53 бунгоҳи иловагии тиббӣ ташкил шудааст.