Аксарият ашёи кӯҳнаро мепартоянд ва ба ивази он навашро  мехаранд, ки на ҳама вақт ҷойи аввалиро гирифта метавонад. Гуруҳе аз ҳунармандони чирадаст азм гирифтаанд, ки ашёҳои дар гузашта маъмулро бо коркарду таҷдид дубора ба истифода диҳанд.

Раҳматулло Абдуллоев нахустин ҳунармандест, ки дар шафати Осорхонаи таърихии вилоят растаи фурӯши ашёҳои таърихиро ташкил кард. Ҳамакнун ӯ ҳамарӯза  интизори мизоҷон аст.

— Вақте лавозимоти рӯзгор хидматашро адо кард, мардум онро ба оҳанпора ё партов медиҳанд, бехабар аз он ки имкони барқарор кардани ашёҳояшон ҳаст, —  мегӯяд усто Раҳматулло. – Хайрият, баъзе шиносҳо ашёҳои кӯҳнаашонро меоранд, онҳоро аз нав таъмир карда, ба болояш 20-30 сомонӣ ҳаққи меҳнатамонро  гузошта мефурӯшем.

Офтобаҳо, дастшӯякҳо, чойҷӯш-қумғон, чойҷӯши ангиштӣ, кордҳо, аз ҷумлаи ашёҳои барқароркардаи усто Раҳматулло аст, ки бештар сайёҳони хориҷӣ ба онҳо мароқ зоҳир мекунанд.

— Ин чойҷӯши ангиштӣ соли 1903 сохта шудааст, онро дубора барқарор кардем, чойи дар ин дамкарда аз чойи чойҷӯшу чойникҳои барқии муосир фарқаш аз замин то осмон аст. Ҳозир ошхонаҳо, тӯйхонаҳо, сихкабобхонаҳо боз аз ҳамин ашёи бобоӣ истифода мекунанд, —  гуфт ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here