Соҳибкор Фазлиддин Ахмедов аз шаҳри Хуҷанд аст, ки чанде пеш кабинаи безараргардониро ихтироъ карда буд. Ӯ имрӯз дар суҳбат бо вебгоҳи faraj.tj гуфт, ки феълан 4 адад кабинаи омодашударо ба бемористонҳои шаҳри Хуҷанд тақдим кардааст.
Ёдовар мешавем, ки тарзи кори кабинаи безараргардонӣ тавассути қувваи барқ буда, давоми 6 сония шахсро бо моеъи махсус, ки ба шакли бухор пошида мешавад, безарар мегардонад.
— Дар ҳамаи дармонгоҳҳо хонаи ивазкунии либоси корӣ аст, ки дар он ҷо аввал ба таври дастӣ уфунатзудоӣ карда, баъдан ба кор сар мекарданд. Акнун кабина кори 2 касро ба таври автоматӣ иҷро мекунад. Нақша дорем, то ҳамаи дармонгоҳҳоро пурра бо кабина таъмин кунем, — гуфт ӯ.
Ин соҳибкор, то ҳол 10 кабинаро сохта ба истифода додаст, ки аз он 4 ададаш ба беморхонаҳо тӯҳфа шудааст.