Рӯзи 12-уми апрели соли равон, хонандаи синфи 7-и гимназияи  давлатии рақами 3-и ноҳияи Кӯшониён, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Заргар, даст ба худкушӣ задаст.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён Нурмаҳмадзода Кибриё тасдиқ кард, ки хонандаи синфи 7-и гимназияи давлатии рақами 3-и ноҳияи Кӯшониён дирӯз дар манзили зисташон даст ба худкушӣ задааст.

Ӯ гуфт, ҳоло аз омилҳои даст ба худкушӣ задани ин хонанда пурра огоҳ нест ва айни замон ба ҷойи воқеа меравад.

— Дар соли 2020 аввалин ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби хонандагони ноҳия  мебошад, — илова кард ӯ.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловаршо Исозода дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки аз ин ҳодиса хабар надорад. “Дирӯз дар ҳамон ноҳия будам,  чунин хабарро нав шунидам”, — афзуд ӯ.

Ба иттилои сармутахассиси  Раёсати мазкур Давлат Сафаров дар ду моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Хатлон 4 ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин се духтар ва як писар мебошанд.

— Худкушӣ дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Ҷомӣ, Фархор ва Ховалинг рух додааст ва моҳи гузашта як ҳолати дигар дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ низ ба қайд гирифта шудааст, — гуфт Д. Сафаров.

Акси тавзеҳӣ аз Интернет

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here