Корхонаҳо ва  ташкилоту идораҳо дар назди нозироти андози ноҳияи Ховалинг ба маблағи 7 миллиону 591 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин боиси нигаронии кормандони нозироти мазкур гаштааст.

Сардори нозироти андози ноҳияи Ховалинг Ҳотамшоҳ Шуҷоъатзода гуфт, ки аз ҳама қарзи зиёдро ҶДММ «Союз Зар» (1 миллиону 183 ҳазор сомонӣ), ҶДММ «Исроил-2011» (2 миллиону 425 ҳазор сомонӣ), идораи обтаъминкунӣ (344 ҳазор сомонӣ) ва ба ин монанд даҳҳо корхонаҳои дигаре доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 7 миллиону 591 ҳазор сомонӣ 3 миллиону 758 ҳазораш қарзи ҷорӣ буда, боқӣ қарзҳои мушкилситон мебошанд.

Роҳбари нозироти андоз илова кард, ки дар се моҳи соли ҷорӣ иҷроиши буҷети ноҳия 115 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондоди хеле хуб аст.

— Аммо насупоридани андоз аз ҷониби баъзе корхонаҳое, ки ҳоло фаъолият доранд, моро нигарон кардааст. Барои баргардонидани қарзҳо мо тамоми чораҳоро меандешем, — гуфт ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here