Аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Дар ин бора ва боз чанд қаллобии дигар маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Ин марди боздоштшуда рӯзи 24-уми декабри соли 2018, тахминан соати 19:00, дар хонаи истиқоматиаш бо бародари 35-солааш даъво карда, бо олоти оҳанин якчанд маротиба ба сараш задааст. Дар натиҷа, бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён марди 50-солаи сокини ноҳияи Вахш муроҷиат кардааст, ки моҳи сентябри соли 2014, марди 28-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 37-солаи сокини маҳаллаи Ховарони пойтахт муроҷиат кардааст, ки соли 2015 шаҳрвандон марди 45-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва марди 39-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидаанд.

Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи майи соли 2018, зани 40-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 28000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Бо ҳамин мазмун ба ШВКД дар ноҳияи Сомонӣ бо ариза марди 57-солаи сокини пойтахт муроҷиат кардааст, ки соли 2004 марди 65-солаи сокини кӯчаи Қазоқон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин оид ба ҳолати қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур мактуби роҳбарияти ҶДММ «Таҷеро» ворид гардидааст, ки моҳи декабри 2018, соҳибкор, марди 31-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба боварии ҶДММ «Таҷеро» даромада, маҳсулоти хӯроквориро ба маблағи 216075 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағҳоро барнагардонидааст.

Аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи зодаи ноҳияи Рашт, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, моҳи июни соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор, марди 38-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи 73 ҳазору 380 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.  Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here