Дар вилояти Хатлон давоми нуҳ моҳи соли 2020-ум  356 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд, ки  ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 нафар кам аст.

Сармутахасиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон Ҳуронбӣ Мирсайидзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, бештар кӯдаконро оилаҳои бе фарзанд аз хонаинтернат ё хешу табори худ ба фарзандӣ қабул кардаанд.

Ба иттилои ӯ фарзандхондӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ёвон, Қубодиён, Ҷомӣ, Восеъ, Шаҳритуз, Кӯлоб, Шамсиддин Шоҳин зиёд ба қайд гирифта шудааст.

— Аммо дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Леваканд, Хуросон, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Данғара, Балхӣ, Кушониён, Панҷ, Дӯстӣ, Ҳамадонӣ,  Темурмалик, Фархор,  Ховалинг ва Балҷувон гирифтани кӯдакон ба фарзандхонӣ нисбат ба ҳамин давари  соли гузашта кам шудааст, — афзуд номбурда.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here