Сардухтури Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар Алихон Нуралиев ва роҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Каримхон Абдураҳмизода аз вазифа озод карда шуданд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки далели аз вазифа рафтани сардухтури беморхонаи клиникии вилоят ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар Алихон Нуралиев ва  роҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Каримхон Абдураҳимзода беҳтар кардани вазъ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки Шамсулло Олимзода, ки то ин замон роҳбари Маркази бемориҳои сили вилоятро ба уҳда дошт, ба ҷойи Алихон Нуралиев ва Нурулло Бояков ба ҷойи Каримхон Абдураҳимзода директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон таъйин шудаанд.

Раҷабзода Мирзоалӣ хабар дод, дар назар аст, ки Алихон Нуралиев сардори Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон таъйин карда шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here