Барои таъмини занону мардоне, ки дар шаҳри Бохтар ба мардикорӣ машғул ҳастанд, имрӯз аз тарафи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳо баргузор гардид, аммо ширкаткунандагон аз пешаи пешини худ розӣ ҳастанд.
Ин намоишгоҳ дар наздикии терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар, ки дар он ҷо ба таври ғайрирасмӣ «Бозори мардикорзанон» мавҷуд аст, ташкил карда шуд. Садҳо зану духтари минтақаи Бохтар, ки дар назди терминали мусофиркашонии шаҳр барои пайдо карани ризқу рӯзии хурду фарзандонашон ҷамъ меоянд, мехоҳанд, барояшон масъулон ҷойи муайян диҳанд, то касе ба онҳо монеаи корашон нашавад.
Баргӣ Қосимова, зани мардикор, зимни суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, аз кори худ розӣ мебошад ва намехоҳад бо 400-500 сомонӣ маоше, ки пешниҳод мекунанд, кор кунад, зеро ҳаққи якрӯзаи кораш аз 40 то 70 сомонӣ аст. Ӯ мегӯяд: “Ягона орзуи мо аз масъулон ин аст, ки барои мо ҷойи муайяне муҳайё созанд, то мо аз барфу борон ва офтоб эмин бошем”. Ҳамчунин ин зани муздур гуфт, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳар рӯз онҳоро аз ин ҷо меронанд.
Муовини Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Саидзода Зиёдалӣ гуфт, дар ин ярмарка беш аз 150 ҷойи холии корӣ ва вазифаҳои озод аз тарафи 10 ташкилоту идораҳои 4 шаҳру ноҳия — Кӯшониён, Хуросон, Леваканд ва шаҳри Бохтар пешниҳод карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми баргузории ин ярмарка 20 нафар роҳхат ба ҷойи кор гирифта, зиёда аз 15 нафар зану духатари муздур ба касбомӯзӣ ҷалб шуданд.
Дар ҳамин ҳол, 80 дарсади занону мардони муздур гуфтанд, ки аз кори ҳаррӯзаи худ розӣ мебошанд, танҳо масъулони шаҳри Бохтар барои онҳо ҷойи муайян пайдо кунанд, то касе монеи корашон нашавад.