Махфират Хидирзода, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод карда шуд.

Махфират Хидирзода аз соли 2016 муовини раиси вилояти Хатлон таъйин гардида, то рӯзи 25-уми октябри соли равон, яъне чор сол, дар ин вазифа кору фаъолият кардааст.

Ӯ бо пешиҳоди Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон  узви Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба  фаъолияти Махфират Хидирзода дар вазифаи муовини раиси вилоят баҳои баланд додаву изҳори сипос кард. Ҳамчунин, Ҳакимзода номбурдаро бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ карда, дар вазифаи наваш ба  ӯ барору комёби таманно кард.

Айни замон  ба ҷойи Махфират Ҳидирзода нафари наве таъцин нашудааст ва ин  курси холист.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here