Ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон дар масъалаҳои иҷтимои, ки чанд соли охир онро Хидирзода Махфирати Умар ба уҳда дошт, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода таъйин гардид.
Чуное маркази матбуотии раиси вилоят хабар медиҳад, рӯзи сеюми январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии вилояти Хатлон муаррифии муовини нави раиси вилояти Хатлон дар масъалаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ин маҷлис зикр кардааст, ки дар мувофиқа бо Призиденти кишвар муовини раиси вилоят Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода таъин гардид.
Ҳангоми муарифии муовини навтаъин ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтӣ маълумот дода шуд, ки Фирӯза Шарифӣ аз 2 ноябри соли 2016 то имрӯз ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мекард.
Фирӯза Шарифӣ 6 октяри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шуда, оиладор, соҳиби як фарзанд мебошад.
Ӯ солҳои 1995 ва 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои филологияи тоҷик ва иқтисодчӣ хатм кардааст. Забонҳои русӣ ва ангилисиро медонад.
Бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ, аз чумла Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) ва Ифтихорномаи раиси Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст.
Фирӯза Шарифӣ тули солҳои фаъолияташ ба ҳайси муҳақиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳамзамон, раиси итифоқи ҷавонони вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кор бо занони дасгоҳи Кумитаи иҷроияи смарказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муовини раиси Итифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Раиис вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Фирӯза Шарифӣ дар иҷрои вазифаҳои нави пурмасъулияташ барору комёби таманно намуда, таъқид дошт, ки Роҳбари давлат ҳамеша ба нексириштӣ ва азму талоши созандаи занон, ки воқеан илҳомбахшу тавонбахши ҷомеа мебошанд, такя мекунад.