Тайи чанд рӯзи охир нархи як халта орди 50 кг дар бозорҳои Хатлон то 240 сомонӣ боло рафт, ки масъулин сабаби ин “ҷаҳиши ғайриинтизор”-ро дар болоравии қурби доллар арзёбӣ мекунанд.
Мушоҳидаҳои мо рӯзи 23-уми марти соли равон дар чанде аз дуконҳои ордфурӯшии шаҳри Бохтар, Вахш, Кӯшониён нишон дод, ки соҳибкорон нархи як халта орди навъи якумро бо нархи 235 то 240 сомонӣ, навъи дуюмро бо нархи 220 то 230 сомонӣ мефурӯшанд, ки ин боиси нигаронии сокинони маҳаллӣ гардидааст.
Шукруло, сокини вилояти Хатлон, дар суҳбат гуфт, ки ду халта ордро аз шаҳри Бохтар бо нархи 470 сомонӣ, яъне ҳар халтаи онро 235 сомонӣ харидорӣ намудаст. Ӯ гуфт, ҳафтае пеш нархи як халтаи орди навъи якум 200 то 210 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло бошад то 25 сомонӣ гарон шудаст.
Сокини дигар аз ноҳияи Вахш, ки барои оилааш 4 халта орд харидорӣ намуд, илова кард, ки ҳар як халтаи онро 230 сомонӣ харидааст. Ҳоло қурби рубли русӣ низ то 125 сомонӣ фаромадааст. Пеш агар бо ду ҳазор рубл як халта орд ва 5 литр равған мехариданд, акнун он ба як халта орд мерасад.
Фурушандаҳо сабаби боло бурдани нархро аз боло мегӯянд.
— Мо ордро аз анборҳои калон бо нархи баланд мегирем, маҷбурем баланд фурӯшем, — мегӯянд онҳо.
Юсуфзода Фирдавс, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, баланд шудани нархи ордро тасдиқ намуда гуфт, ки омили он боло рафтани қурби долар аст.
— Нархи долар 53 сомонӣ боло рафт ва гандуми мо аз Қазоқистон бо доллар ворид мешавад. Мо назорат карда баромадем, болоравии нарх аз ҳисоби қурби доллар аст. Агар қурби долар боз гарон шавад, нархи орд низ боз баланд мешавад. Мо рӯзи 27-уми марти соли равон мониторинг мегузаронем ва боз нархҳоро муайян мекунем, — гуфт ӯ.