Дар шаш моҳи соли равон ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар 206 адад трансформатор истеҳсол кардааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Директори ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар Н. Давлатшоев дар сӯҳбат ба «Фарраж» гуфт, ин корхона айни замон 11 намуд трансформатори гуногунтамға истеҳсол мекунад.

— Дар шаш моҳи соли равон  ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар 206 адад трансформатор ва  77 адад зеристгоҳ истеҳсол кардааст, ки маблағи он 14 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, — илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ корхона таъмир карда шуда, ба маблағи  1,3 миллион сомонӣ таҷҳизот харидорӣ ва насб карда шуда, дар назар аст, ки бо харҷи 1 миллиону 500 ҳазор сомонии дигар аз Русия таҷҳизоти муосир харидорӣ карда  шавад.

Қайд карда шуд, ки маҳсулоти хоми ин корхона бештар аз Русия ва дигар кишварҳо харидорӣ мешавад.

— Мо дар оянда нақша дорем истеҳсоли трансформаторро афзоиш диҳему ба хориҷи кишвар, аз ҷумла,  Афғонистон ва Қирғизистон содирот кунем. Ҳоло харидории асосии ҶСК «Трансформатр» ширкати «Барқи Тоҷик» мебошад, — гуфт Н. Давлатшоев.

Зикр карда шуд, ки айни замон дар ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар 112 нафар бо кор таъмин буда ,масъулон ният доранд дар оянда шумораи кормандонро зиёд кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here