Дирӯз, 3-юми ноябр, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Исмоилзода Абдуалим ва муовини раиси вилоят Зоирзода Умед аз мансаб барканор шуда, ҳоло маълум нест, ки онҳо ба кадом вазифа таъйин шудаанд.

Бино ба иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муаррифии муовинони навтаъйини раиси вилояти Хатлон сурат гирифт.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қарорҳо дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси вилоят озод шудани Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз ва аз мансаби муовини раиси вилоят озод гардидани Зоҳирзода Умед Тоирро қироат карда, ба онҳо барои хизмати бомасъулияташон изҳори сипос кард.

Бояд гуфт, ки Абдуалим Исмоилзода аз 27 январи соли 2020 дар мансаби муовини якуми раиси вилоят, қабл аз он дар мақомҳои раиси шаҳри Бохтар, раиси ноҳияҳои Шаҳритус ва Кӯшониён, фаъолият кардааст.

Умед Зоҳирзода аз 25 ноябри соли 2016 дар мансаби муовини раиси вилояти Хатлон кор карда, соҳаҳои кишоварзӣ ва идораи заминро сарпарастӣ мекард.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло, собиқ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйин гардид. Ӯ ҳамакнун сарпарастии соҳаи кишоварзиро ба дӯш хоҳад дошт.

Ҳамчунин, имрӯз дар мувофиқа бо Президенти мамлакат Файзуллозода Заробиддин Қудрат, собиқ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия таъйин карда шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба кадрҳои навтаъйин дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият барору комёбӣ таманно кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here