Дар вилояти Хатлон дар соли хониши 2020-ум 33 хонандаи мактаб даст ба хӯдкушӣ задаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2019-ум 9 ҳолат зиёд аст.

Малика Шукурзода, як масъули Раёсати маорифи вилояти Хатлон, имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод, ки аз шумораи худкушии хонандагон 18 нафарашонро мардон ва 15 нафари дигарашонро духтарон  ташкил медиҳанд.

— Худкушӣ бештар  дар ноҳияҳои Вахш (4 ҳолат), Левакант, Хуросон, Қубодиён ва  Шаҳритуз (3-ҳолатӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин, ин шахси масъул зикр кард, дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 179  ҷиноят содир карда шудаст, ки ин дар қиёс ба соли гузашта 21 ҳолат кам аст

— Бештари ҷинояҳои содиркардаи хонандаҳо дуздӣ мебошад, — афзуд манбаъ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here