Аз тарафи нозирони ҷангали вилояти Хатлон дар давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон 339 қонуншикании ҷангал ошкор гардида, харобкорон ба маблағи 105 ҳазору 533 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
Муовини сардори Муассисаи хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувваталӣ Назиров иттилоъ дод, ки аз санадҳои тартибдодашуда 198 қонуншиканӣ ба маблағи 52 ҳазору 653 сомонӣ барои буридани ғайриқонунии дарахтон, 47 санад ба маблағи зиёда аз 27 ҳазор сомонӣ барои худсарона чаронидани чорво дар ҷангалзорҳо, 71 санад ба маблағи наздики 15 ҳазор сомонӣ барои чидани гиёҳои шифобахш ва маҳсулот, 16 санад ба мабалағи 8 ҳазор сомонӣ барои шикори худсаронаи парандаву ҳайвонҳои нодир ва 7 санади дигар ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ барои дигар харобкориҳо дар ҷангалро ташкил медиҳад.
Манбаъ, ҳамчунин гуфт, ки хоҷагиҳои ҷангали вилоят дар иҷрои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 140 санад ба маблағи 28 ҳазору 219 сомонӣ тартиб дода, аз маблағи зарари расонидашуда 27 ҳазору 300 сомониро руёнида, ба буҷети давлат ворид кардаанд.