Ду нафар сокини вилояти Хатлон, ки ғайриқонуни бузи парамашох ва гусфанди бухороии Уриалро шикор кардаанд,  533 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувваталӣ Назиров гуфт, ки шикори зиёд дар 8 моҳи соли 2020 дар ноҳияи Хуросон ва Шамсиддин Шоҳин ба қайд гирифта шудааст.

— Дар минтақаи Дашти Ҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин як нафар шаҳрванд, ки ғайриқонунӣ бузи пармашохро  шикор карда буд, аз тарафи кормандони ҳифзи муҳити зисти ноҳия дастгир карда шуд. Нисбати ин нафар парванда оғоз шуда, дар ҳаҷми  464 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Айни ҳол парванда  дар барасии суди ноҳия қарор дорад, -илова кард ӯ.

Манбаъ зикр кард, ки Хуҷамурод Мавлонов сокини ҷамаоти деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон низ ғайриқонунӣ гусфанди бухороии Уриалро шикор кардааст, ки аз ҷониби кормандони ҷангал ва ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, 69 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

— Дар ин давра ҳамагӣ дар вилояти Хатлон 19 адад шикори ғайриқонунӣ ошкор крада шудааст, ки қисми зиёди онҳоро шикори кабк ташкил медиҳад, — афзуд номбурда.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here