Барои пешгирии бемории  сироятии коронавирус дар беморхонаи килиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, ба қадри зарури маводҳои доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ захира карда шудааст.

Сартабиби беморхонаи килиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар Шамсуло Олимзода зимни суҳбат ба “Фараж”қайд кард, ки ҳоло дар дохили беморхона сохтмони маркази переналӣ бо маблағгузории давлати Олмон идома дорад, ки моҳҳои наздик бояд ба истифода дода шавад.

Ин марказ бо харҷи 12 миллион евро сохта шуда, ҳамчунин ба маблағи 5,5 миллион еврои дигар барои он таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид мегардад, ки баъди ба истифода доданаш хизматрасонии тиббӣ ба аҳоли боз ҳам  беҳтар хоҳад шуд.

Манбаъ қайд кард, ки аз авали соли ҷорӣ бо дастгирии роҳбари давлат, созмонҳои хориҷӣ ва соҳибкорон  ба беморхона ҳафт дасгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки ҳар кадомаш беш аз ним миллион арзиш дорад, ворид карда шудааст.

— Айни замон баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус дар беморхонаи килиникии вилояти Хатлон маводҳои доруворӣ, либосҳои муҳофизатт, маҳлулҳои безараргардонӣ ва дигар лавозимотӣ зарури захира карда шудааст, — зикр кард Шамсуло Олимзода.

Қайд гардид,ки дар беморхонаи килиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар 959 нафар кору фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 134 нафар табиби дорои маълумоти олӣ мебошанд, ки шабонарӯз ба аҳолии вилояти Хатлон хизмати тиббӣ мерасонанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here