Соли 2020-ум дар ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон 14 ҳодисаи нохуши истеҳсолот ба қайд гирифта шуда, аз ин 8 ҳолат ҷароҳатбардорӣ ва 6 ҳолати фавт мебошад. Дар ин бора зимини нишасти матбуотӣ роҳбари Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Бобозода Ҳамза хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии кӯмакпулии яквақта таъйин ва пардохт шуда, дар маҷмӯъ 294 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки барои ба камбудӣ роҳ додан ва саривақт пардохт накардани музди меҳнати кормандон нисбати масъулони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Хуросон, Кӯшониён ва Фархор, Сарраёсати Тоҷикобдеҳот дар вилояти Хатлон ва Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Хуросон 5 маводи санҷишӣ ба Прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда шуд.
— Барои пайдошавии қарзи музди меҳнат нисбати шаш нафар роҳбари ташкилоту идораҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҳар яке ба андозаи 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ҳамагӣ 8120 сомонӣ ҷарима таъйин карда шуд, — гуфта шуд дар нишаст.