Дар вилояти Хатлон 13 муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ мавҷуданд, ки ба  қавли масъулон,  сохтмони қисме аз онҳо аз солҳои 1980 ва 1990-уми асри гузашта, яъне 30-40 сол пеш оғоз шудаву то кунун нотамом боқӣ мондаст. Сабаби сохта нашудани муассисаҳоро масъулон саривақт маблағгузорӣ нашудан арзёбӣ карданд.

Мутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон Баҳриддин Ҳалимов гуфт, ки  муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагие, ки сохтмонашон дар асри гузашта оғоз шудаанду то ҳол ба итмом нарасидаанд, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритуз, Қубодиён, Хуросон ва  Ҷалолидини Балхӣ мебошанд, ки аксари онро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии вилояти Хатлон маблағгузорӣ мекунад.

Мусоҳиби мо иттилоъ дод, ки аз 13 муассисаи таълими сохтмонашон нотамом 6 адади он дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён ва Шаҳритуз дар “Барномаи давалтии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021”, ворид карда шудаанд, аммо бо гузашти се сол аз ин барнома то ҳол ягон муассиса  сохта нашудааст, — илова кард, Баҳриддин Ҳалимов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here