То ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 510 иншоот дар соҳаи маориф дар назар аст.

Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ки  тайи се соли оянда сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 63 муассисаи томактабӣ, 156 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 169 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва дар назди 122 муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудаанд.

То Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ягон муассисаи типи нав, аз ҷумла, гимназия ва литсей фаъолият намекард. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 49 мактаби типи нав, аз ҷумла 23 гимназияи давлатӣ, 2 гимназияи ғайридавлатӣ, 1 муассисаи таълимии хусусӣ, 22 литсейи давлатӣ фаъолият доранд, — гуфтанд аз шуъбаи мазкур.

Ба иттилои расида, бо истифода аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои истиқлолият дар ҳудуди вилоят 17 муассисаи интернатӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар онҳо 2 ҳазору 976 нафар тарбиягирандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат фаро гирифта шудаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди вилояти Хатлон 4 муассисаи нави таҳсилоти олӣ таъсис ёфт.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here